Қурбоне, ки ҷони одам буду саропо лутфу меҳрубони.

28:35
 
اشتراک گذاری
 

Manage episode 285948677 series 2883925
توسط Zevarshah Mohammad توسط Player FM و جامعه ما پیدا شده است - کپی رایت توسط ناشر، و نه متعلق به Player FM، و صدا به طور مستقیم از سرور های آنها پخش می شود.برای پیگیری به روز رسانی در Player FM دکمه اشتراک را بزنید، و یا فید URL را به دیگر برنامه های پادکست بچسبانید.

Қурбон Абдулло сарояндаи "Гулсара" ва "Куҷо мери шитобон" "қишлоқаки ман" даргузашт.

Қурбон Абдулло, навознда, хонанда ва оҳангсози таронаҳои маҳаллӣ, пас аз чиҳил сол фаъолият дар замина мусиқии асили Тоҷикӣ дар синни 63 солаги баъди бемории начандон тӯлонии “Куруно” дар шаҳри Душанбе 11 январ чашм аз ҷаҳон фурӯ баст.

Қурбон Абдулло даҳҳо оҳанг сохтааст, ки овозхонҳои дастаи ҳунарии “Дарё” ва дигар овозхонҳои тоҷик иҷро кардаанд.

яке аз маъруфтарин оҳангҳои ин ҳунарманди номвари кшвар оҳанги "Куҷо мери шитобон” буд, ки ин оҳанг мутааллиқ ба даврони ҷавониҳои устод Қурбон Абдулост.

Ҳамчунин оҳанги маъруфи дигари ӯ бо забони помирӣ “Гулсара та ба хаёл аз наядум” ки бисёр шӯҳрат ёфта ва дар солҳои ахир тавассути бархе аз ҳунармандони насли тоза борҳо бозхонӣ шудааст. Ин оҳанг бар ашъори зиндаёд Сардор Раҳдор ва мусиқии устод Муборакшо Ҷумаев онқадар зебо ва самими иҷро кард ки ҳатто донандагони ин забон низ фарқ намегузоштан ки ӯ забони поириро балад нест.

Қурбон Абдулло дар муаррифии мусиқии асили Тоҷикӣ ба ҷаҳон нақши арзандае дошт.

--- Send in a voice message: https://anchor.fm/zewarshow/message

123 قسمت