"Аз ду суи Ому" то “Russian Woman ва ё зани Рӯс”-и Манижа Сангин дар юрувижини 2021
Manage episode 293205928 series 2883925
Оҳанги “Russian Woman ва ё зани Рӯс” –и Манижа Сангин овозхони 29 солаи тоҷиктабори муқими Русия, ки ба унвони намояндаи Рӯсия дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи овози Юрувижн 2021 ширкат дошт, дар миёни намояндаи 26 кишвари ҷаҳон ҷои 9-ро соҳиб шуд.
Ин дар ҳолест, ки таронаи “Зани рус”-и Манижа дар коноли расмии “Юрувижн” дар Ютуб беш аз 22 миллион боздидкунанда дошта ва дар маҷмӯъ аз пурбинандатарин таронаи Юрувижн 2021 дар шабакаи Ютуб буд.
Ҳанӯз қабл аз роҳ ёфтанаш ба даври ниҳоӣ таронаи “Зани рус”-и Манижа боиси вокунишҳои шадиде шуд, ки иддае дар мухолифат аз ин овозхону оҳангаш садо баланд мекарданду Бархе аз сиёсатмадорону хабарнигорони Рус ҳатто аз вазорати фарҳанг Рӯсия хостанд ки ин овозхони Тоҷиктаборро аз рафтан ба даври ниҳоӣ маҳрӯм кунанд .
Амо бахшеҳам ба тарафдориаш вокунишҳо нишон дода дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ӯ ҳимят карда мегӯянд , ки дар даҳгонаи беҳтарин ҷой гирифтани оҳанги Манижа барои ӯ ва алоқамандонаш пирӯзиаст.
Матни ощанги “Зани русро Манижа худаш навишта мусиқиашро оҳангсози исроилӣ Ори Авнӣ ва Ори Каплан сохтаанд.
--- Send in a voice message: https://podcasters.spotify.com/pod/show/zewarshow/message135 قسمت