Ҷамшед Исмоилов овозхони саршиноси кишвар дунёи фониро падруд гуфт.
Manage episode 285948699 series 2883925
Пас аз бемории начандон тулонӣ 16 авгст дар синни 64 солаги Ҷамшед Исмоилов овозхони саршиноси кишвар дунёи фониро падруд гуфт.
Ҷамшед Исмоилов 30 августи соли 1956 дар ҷануби Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омад.
Баъди тащсилаш дар соли 1977 дар риштаи овозхонии Донишкадаи ҳунарҳои зебо Ҷамшед Исмоилов дар бахши забон ва адабиёти Донишгоҳи давлтии Тоҷикистон таҳсилашро идома дод.
Дар авоили солҳои 90 қарни гузашта Ҷамшед Исмоил ба унвони муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ва ҳамчунон муовини вазири фарҳанг ҷумҳурии Тоҷикистон кор кард. Оҳангҳои зиёде аз ӯ ба ёдгор мондан. Оҳанги “Тоҷикистон” бар ашъори Гулрухсор С, “Бахти Ошиқи” аз ашъори Лоиқ Шералӣ, “Аз зери чодарат”, Хез, модар” ва оҳанги “Биё биё дилбарҷон” бар ашъори Абулқосим Лоҳӯтӣ аз маҳбубтарин оҳангҳои Ҷамшед Исмоил буданд. Равонаш шоду ёдаш гиромӣ
--- Send in a voice message: https://podcasters.spotify.com/pod/show/zewarshow/message135 قسمت